АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Нимаи дуюми 20-уми апрели соли ҷорӣ дар қисми низомии 13483Д дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби васеъи модарони Кӯлобшаҳри бостонӣ дар арафаи Иди Саиди Фитр аз шароити буду бош ва хизмати ҳарбии фарзандони хеш дидан намуданд. Ҳамзамон дар арафаи иди Саиди Фитр роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайати шахсии қисми низомии мазкур дастурхони идона ороста, сарбозону афсаронро ба Иди саиди Фитр табрику таҳният намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар аёдати сарбозону афсарон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд