ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати эҳсонкорона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Иди Саиди Фитр амалҳои хайриявӣ дар манотиқи кишвар анҷом ёфта истодаанд.

Дар ин росто, аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвализода собиқадори ҳизб, ҳамзамон, омӯзгори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Валиева Саъбагул Амировна аёдат карда шуд. Зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар гардида, бо ӯ суҳбати самимӣ оростанд.