ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОДА ШУДАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОДА ШУДАНД

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки нафарони фаъол, аз ҷумла вакилони ҳизбӣ ва шахсони саховатпеша дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба шахсони ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кӯмак мерасонанд. Ин навбат, чунин амалӣ нек ва хайрхоҳона бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Кулябская правда”- Ситора Одинаева бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Саймуминзода Фирӯз руйи кор гирифта шуд.Вакили мардумӣ дар арафаи иди Саиди Фитр ба чанд оилаҳои ниёзманд ва маъюбидошта кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расониданд.

Аз ин иқдоми пегирифта, оилаҳои ниёзманд бисёр хушҳол гардида, бо умеди фардои дурахшон, минатдории хешро ба ташкилкунандагони иқдоми мазкур баён намуданд.

Бовари дорем,ки чунин иқдоми нек аз ҷониби ин вакилзан минбаъд низ рӯи даст гирифта шуда, роҳандозӣ мегардад.