ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ.....

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд яке аз амалҳои хайру савоб ба ҳисоб рафта, ин анъана аз аззал байни халқи тоҷик роиҷ будааст, то инки дар ҳама ҳолат дастгири якдигар бошанд.

Дар пайрави аз иқдомҳои хайрхоҳонаи роҳбарияти Олии мамлакат ва роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пайваста ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ғамхории зиёд зоҳир менамоянд,

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб иқдом гирифтааст, ки бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва вакилони ҳизбӣ ба ин қишри ниёзманди ҷомеа дар арафаи Иди Саиди Фитр кумакҳои яквақта расонида шавад.

Чунин иқдом аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кӯмаки иҷтимоӣ дар хона" руйи даст гирифта шуд, ки ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта, либоси идона тақдим карда шуд.