АМАЛИШАВИИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АМАЛИШАВИИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБӢ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Кӯлоб бомаром идома дорад.

Аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб роҳи маҳаллаи Борбад ба таври ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд, ки дар он котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молияи минтақа" Тағоев Мустафо фаъолона иштирок намуданд.