ШАНБЕГӢ БАҲРИ ОБОДОНӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ШАНБЕГӢ БАҲРИ ОБОДОНӢ

 

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи Бахт” бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, бо ҷалби аъзоёну ҷонибдорону фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ҷарайёни шанбегӣ асосан ба тозаву озода намудани атрофи биноҳо, тоза намудани гирду атроф ва роҳрав аз ҳар гуна партовҳои гуногун диққат дода шуд.

Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад.