ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Дар пайравӣ аз амалҳои инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Филиали Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб ба 8-адад оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд. Кӯмаки ғизоӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода ва дигар аъзоёни ташкилот ба эҳтиёҷмандон расонида шуд.

Дар навбати худ эҳтиёҷмандон миннатдории худро ба Пешвои миллат, ба шахсони хайрхоҳу саховатманд расонида, баҳри оромию осудагии Тоҷикистони азиз дасти дуо бардоштанд.