СОАТИ СИЁСӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Нусратова Шаҳноза соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар соати сиёсӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовин, мудирони шуъба ва кормандони масъули ҳизбӣ иштирок намуданд.

Аз ҳодисаҳои рӯзи охир баромадкунанда бо бардошт аз сомонаҳои гуногуни интернетӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунанда суолҳо пешниҳод карда шуд, ки дар ин росто мубодилаи афкор гардид.