СОХТМОНЧӢ-ЗАН СОҲИБИ ХОНА ГАРДИД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гулнисо Шарифова, сокини шаҳри Кӯлоб соҳиби хона гардид.

Бояд гуфт, ки Гулнисо Шарифова аз соли 1980 то соли 1992 ҳамчун сохтмончӣ мардонавор кору фаъолият намудааст.

Хизматҳои ин модари рӯзгордидаро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба инобат гирифта дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон лавозимотҳои зарурӣ барои хона дастрас намуд.