ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА ҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ

Ғамхорӣ кардан ва пайваста кумаку дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ, махсусан, маъюбону барҷомондагон, шахсони камбизоат, ятимон ва оилаҳои муҳтоҷ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бо мақсади кумак ва дастгирӣ намудани ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҳар иду айёмҳои миллӣ афроди маъюбу барҷомонда, камбизоат, ятим ва беморон аёдат ва аҳволпурсӣ карда шуда, дар ҳаққи эшон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо ин анъана дар шаҳри Кӯлоб ба одати муқаррарӣ табдил ёфтааст ва ҳамарӯза аз ҷониби роҳбарияти шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ руйи даст гирифта мешавад. Мардони баору номуси шаҳри Кӯлоби бостонӣ дар доираи имкониятҳои худ ба ҳамватанон дасти кӯмак дароз мекунанд.

Дар пайравӣ аз ин амалҳои нек мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, узви фаъоли ҲХДТ-Нозимов Абдулло модари маъюб ва имконияташ маҳдуд, сокини шаҳри Кӯлобро аёдат намуданд.

Зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ин оила бохабар гардида ба модари маъюб аробачаи маъюбӣ ва кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки аҳлу оилаи модари ниёзманд аз аёдати масъулин болидахотир гашта, барои ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр миннатдории худро баён карданд.

Дар воқеъ Пайравӣ аз амалҳои неку созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва ҷавонону сокинони шаҳри Кӯлоб боиси ифтихор ва фараҳмандист.