СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №37-И ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-18 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №37-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин гузаронида шуд.

  1. Таҳлили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон
  2. Ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан
  3. Тоҷикистон-кишвари  ташаббускори сатҳи байналмилалӣ