ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ 

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ 

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳар моҳ ба чор нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ  дастрас карда мешавад.

Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Дар макони зисти маъюбон нафақаи ҳизбии онҳо дастрас карда шуд. Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ Нусратова Шаҳноза-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қайд намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.