ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ 

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ 

Дар асоси бандҳои 4,13 ва 4,23 Оиномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва талаботи банди 3,1 Барномаи пешазинтихоботи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар асоси шартнома “Оид ба ҳамкорӣ дар корҳои хайриявӣ миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармоиши Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 31.03.2020, №30 тасдиқ гардида буд, нафақаи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд, ки он ба табақаҳои ниёзмандон, маъюбони гурӯҳи якум дастрас гардид.

Нусратова Шаҳноза-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳолу аҳволи маъюбон бохабар гардида, нафақаи ҳизбӣ ба модари ниёзманд расонида шуд. Модари ниёзманд зимни суҳбат изҳори сипоси худро ба роҳбарияти олии кишвар ва Раисии муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон нисбати шахсони ниёзманд расонид.