ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии табақаҳои ниёзманд. махсусан дар моҳи шарифи Рамазон, ки кори хайру савоб мебошад,  бо ташаббуси як нафар соҳибкор, сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба зиёда аз 50 хонандагон аз оилаҳои камбизоати Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 либоси тобистона, кумаки хайриявӣ расонида шуд.