САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вазифадор шуда буданд, ки саҳмгузор дар ободонии Ватани маҳбубамон ба ҳайси ташкилотчӣ ба ин васила ҷалб намудани сокинон барои рушди деҳот то расидан ба зиндагии шоистаи мардум тамоми кӯшишҳоро сафарбар менамоем.

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар корҳои созандагию бунёдкории маҳал ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ворисони Сино бо ҷалби васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои таъмириву азнавсозӣ бомаром идома дорад.