ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар таърихи 18-уми ферали соли 2010 дар ҷаласаи 64 – уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳони Наврӯз» ва тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар қатънома гуфта мешавад, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷилил гардад.Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвар ба таърихи фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамоянд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардуми таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз шиору овезаҳо ва рамзи Наврӯзӣ насб карда шуд.