КӮМАК БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

КӮМАК БА БЕМОРХОНАИ РӮҲӢ

Дар партави сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну маросимҳо мақомоту идораҳо ба мактабинтернатҳо ва афроди маъюбу ниёзманд кӯмак мерасонанд.

Имрӯз аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Олимон" дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ ба Маркази вилоятиии равонпизишкии шаҳри Кӯлоб кӯмаки молӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон ва собун расонид.

Бояд зикр намуд, ки дар ин Марказ шахсоне, ки бемории рӯҳӣ доранд, табобат мегиранд. Ҳоло дар ин ҷо 60 нафар (44 нафар мард ва 16 нафар зан) нигоҳдорӣ ва табобат мешаванд.