ҚАДРДОНИИ ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ ВА КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҚАДРДОНИИ ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ ВА КОРМАНДОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ

Ба ҳамагон маълум аст, ки васоити ахбори омма дар ҳама давру замон нақши созгор дорад. Бахусус дар он лаҳзаҳое, ки ба сари ин ё он халқу миллат мушкилотҳои вазнин меояд. Воқеиятро инъикос кардан, роҳи ҳаққу адолатро ба мардум фаҳмонидан, дар чунин лаҳзаҳои парешону сару сомон гумкарда, намедони кӣ дӯст асту кӣ душман, боз ҳам ва боз ҳам нақши воситаҳои ахбори омма намоён аст. Вақте, ки сухан оиди ин дастгоҳи идеологии пурқувват меравад, пеши назари мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ хизматҳои арзандаи кормандони телевизиони маҳаллии Кӯлоб таҳти роҳбарии Бозорзода Сафарали як – як ва бо тамоми ҷузъиёташ ба ёд меояд.

Телевизиони Кӯлоб дар ҳақиқатан тавонист мардуми минтақаи Кулобро сарҷаму муттаҳид намуда, дар барқарор кардани ҳукумати қонунии конистутсионӣ саҳми бозаю арзанда гузорад ва то ба имрӯз чун дасгоҳи идеологии пурқувват ба давлату миллат содиқона хизмат карда истодааст.

Ин хизматҳои таърихии кормандони теллевизиони Кӯлобро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, соли 2002 телевизиони маҳаллии Кӯлобро аз муассисаи хусусӣ ба ташкилоти давлатӣ, яъне Муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки ин боз масъулияти роҳбарият ва кормандони телевизионро даҳчанд гардонид.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш то ба имрӯз барномаҳо оиди сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, пешрафту тараққиёти илму техника, тарбияи маънавии ҷавонон, арҷ гузоштан ва эҳё кардани фарҳанги таърихию волои гузаштагон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки ҳамаи ин аз паёмҳои ҳамасолаи сарвари давлат сарчашма мегирад, пахш менамояд.

Барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодӣ ва як қатор кормандони Телевизиони Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.