СИПОСМАНДӢ БА ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ РӮЗНОМАИ ПАЙК

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Васоити ахбори омма яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ буда, ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷомеа иттилоот мегиранд. Воситаҳои ахбори оммаро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳамчун ҳокимияти «чорум» меноманд. Мақоми ВАО пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ҳамчун ташкилоти мустақил ба воситаи иттилооти сиёсӣ афкори умумро ташаккул дода, ба тамоми раванди ҳаёти сиёсӣ таъсир мерасонанд ва дараҷаи маълумотгирии сиёсии аҳолиро баланд мебардоранд.

Барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии рӯзномаи Пайк аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.