ТАҚДИМИ СИПОСНОМАИ ҲИЗБӢ БА НАМОЯНДАГИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАҲОННАМО ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 546 аз 31 октябри соли 2008 таъсис ёфтааст. Пахши шабакаи телевизионӣ 5 ноябри соли 2008 оғоз гардид. Сараввал минтақаи шабакаи телевизионӣ 60 % қаламрави Тоҷикистон (асосан ғарби кишвар)-ро фаро мегирифт. Баъдан, шабака паҳншавиро тавассути моҳвораи нав оғоз намуд, ки пахши телевизион дар саросари ҷаҳон таъмин карда мешавад.

Гуфтан зарур медонем, ки намояндагии ТВ Ҷаҳоннамо дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти пурсамар дорад. Бо ин мақсад, барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии намояндагии ТВ Ҷаҳоннамо дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.