НАМОЯНДАГИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҚАДРШИНОСӢ ШУД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1956 сохтмони бинои телевизион ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шуда, ба вазифаи аввалин Директори телевизиони Тоҷикистон нозири (инспектор) шӯъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъин шуд. Аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд ва барои равнақи кори телевизиони навтаъсис ҳамчунин мутахассисон Зайнаб Ғуломова, Улмасой Мухторова, Акбар Ҷураев, Пулодой Азимова, ки маълумоти филологӣ доштанд, ба кор даъват шуданд. Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 ба кор шуруъ намуд, ки ин як рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти Тоҷикистон буд.

Студияи телевизиони Тоҷикистонро нахустин наттоқон Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо салому паёми худ ба экрани телевизон ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ барномаи аввалини телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Барномаи аввалин асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд, дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард. То охири соли 1960-ум ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Имрӯз Телевизиони Тоҷикистон ба шабакаи 24-соата табдил ёфта, руйдодҳои муҳими Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро инъикос менамояд.

Мавриди зикр аст, ки намояндагии Телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб имрӯзҳо фаъолияти хубу чашмрас дорад. Вобаста ба ин, барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии намояндагии Телевизиони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.