СИПОСМАНДӢ БА НАМОЯНДАГИИ ТВ САФИНА ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 22 августи соли 2005 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад. Пахши барномаҳои ТВ Сафина аз 3 сентябри соли 2005 оғоз ёфт.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз оғоз фаъолияти худро дар асоси талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Самти асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба инъикосу тарғиби сиёсати пешгирифтаи созандаю бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионии суръатбахшандаи раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии Тоҷикистон, ҷараёни демократикунонии ҷомеъа ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст.

Зикр медорем, ки намояндагии Телевизиони Сафина дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти назаррас дорад. Дар робита ба ин, барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии намояндагии Телевизиони Сафина дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.