ҚАДРДОНИИ НАМОЯНДАГИИ ТВ ВАРЗИШ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТВ Варзиш  (Варзиш HD/Sport HD) — шабакаи телевизионии давлатӣ, умумимиллию варзишии Тоҷикистон, ки аз 1 марти соли 2016 дар ҳудуди Тоҷикистон ба таври 24 соат шабонарӯзӣ намоиш дода мешавад. 
ТВ Варзишро дар хориҷи Тоҷикистон бо ёрии телевизионҳои моҳворавӣ ва ё интернет тамошо кардан мумкин аст. Дар сомонаи расмии шабака низ тамошобинон метавонанд, барномаҳоро дар пахши зинда бо сифати HD тамошо намоянд.
Шабакаи телевизионии "ТВ Варзиш" ҳуқуқи пахшнамоии мусобиқаҳои ҷаҳониро мисли: Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, Бозиҳои Тобистонаи Олимпии 2016, чемпионатҳои футболии қораӣ ва миллӣ, чун Премйер-Лигаи Англия, Чемпионати Футболии Испания, Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА. Забони аслии телеканал — тоҷикӣ, як қисми барномаҳо бо забони русӣ барномарезӣ мешаванд.
Тамошобинони ТВ Варзиш зиёда аз 20 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо, 9 миллионаш аз Тоҷикистон ва бақияаш аз Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва давлатҳои Аврупою ИМА мебошанд.
Бояд гуфт, ки намояндагии Телевизиони Варзиш дар минтақаи Кӯлоб низ фаъолияти самарабахш дорад. Бо назардошти ин, барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли эҷодии намояндагии Телевизиони Варзиш дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.