Аёдати собиқадори меҳнат, модари 108 сола, Нозимова Райҳонбӣ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати собиқадори меҳнат, модари 108 сола, Нозимова Райҳонбӣ

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:

Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост.

Ба ин маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар аз ҷониби узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрёдати собиқадори меҳнат, модари 108 сола, Нозимова Райҳонбӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳана аёдат карда шуд.