БА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ МОДАР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БА ХОТИРИ ГИРОМИДОШТИ МОДАР

Маҷмааи “Дуои Модар” дар шаҳри Кӯлоб моҳи октябри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст. Ҳамзамон, пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад, ки он аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки онҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд.

Инчунин, дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Сохтани Маҷмааи “Дуои Модар” даромадгоҳ иқдоми ниҳоят хубу шоиста мебошад, зеро бо дуои модар сокинону меҳмонон ворид ва ба сафар мебароянд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии Модарон бонувони фаъоли ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар назди маҷмаи "Дуои Модар" гулгузорӣ намуданд.