САЙРИ МОДАРОН ДАР ОСОРХОНАИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо шукргузорӣ аз фазои осудаву оромии Тоҷикистони азиз субҳи аввали баҳор занону модарони фаъоли кормандони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолзанони ҳизбии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ аз Муассисаи давлатии Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.