ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Таҳти ҳамин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Телевизиони Кӯлоб барномаи телевизиониро бо иштироки занону бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб ба навор гирифтанд.

Дар ин ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумринисо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ ва Ҳамидиён Орзу, инчунин занону бонувони фаъоли шаҳр, ки дар амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва рушду нумӯи Кӯлобшаҳри бостонӣ ҳиссагузоранд, кормандони касбу кори гуногун, собиқадорон, ҳунармандон ва донишҷудӯхтарони фаъоли шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Шакли пурраи барнома тавассути Телевизиони Кӯлоб дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар инъикос карда мешавад.