ҲИЗБИЁН ДАР АМАЛИШАВИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ САҲМГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲИЗБИЁН ДАР АМАЛИШАВИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ САҲМГУЗОРӢ МЕНАМОЯНД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Парасту» вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прзидентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар ин маҷлис мудири шуъбаи занон Мунавараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шоева Дилноза, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Юсупова Ҳангома иштирок ва суханронӣ намуданд.

НахустМунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки занону дӯхтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, ба хусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ боварии комил дорам, ки  занону бонувони тоҷик ҳамеша пуштибони ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат мебошанд.

Дар идомаи суҳбат Шоева Дилноза таъкид намуд, ки мо бояд аз ҳар як нуқта ва ҷумлаи Паём дар пешбурди фаъолияти кории ҳаррӯзаамон ҳамчун дастурамали рӯйимизӣ самаранок истифода бурда, кӯшиш намоем, ки саҳми худро дар ин самт гузорем.