ЗАНОН ДАР ПИЁДА СОХТАНИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ САҲМ МЕГУЗОРАНД!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабинии шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пайваста бо занон вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб мулоқотҳо доир карда мешаванд.

Ин навбат бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шоева Дилноза бо занону бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шамсиддин Шоҳин» вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Мунавараи Бозоралӣ зимни баромади худ қайд намуд, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат нисбати зан-модар ғамхориҳои беназирро амалӣ намудааст, ки мо бояд бонувон ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои ҲХДТ кӯшиши ҳамаҷонибаи худро ба харҷ диҳем.