ИҚДОМИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ИҚДОМИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хонаи Бахт» иқдомҳои хайриявӣ руйи кор гирифта шуд.

Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хонаи бахт» ба 35 кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаҳои таваллуди ройгон дар ҳолати тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хонаи Бахт» ба аёдати сарбозону афсарони қисми низомии 13483-Д-и шаҳри Кӯлоб рафта ба онҳо як миқдор маводи ғизоӣ дастраст намуданд.