АЁДАТИ ОИЛАҲОИ СОБИҚАДОРОНИ МАҚОМОТҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани собиқадорони меҳнат, намояндаи Ҳукумати мамлакат, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр як қатор аз оилаҳои собиқадор дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро аёдат намуданд.

Зимни аёдат намояндаи Ҳукумати мамлакат, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Азим Иброҳим, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр собиқадоронро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба онҳо аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаккҳои модию молиявӣ расониданд.

Ин иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат, боиси хушҳоливу рӯҳбаландии собиқадорон гардида онҳо миннатдории самимӣ ва дасти дуои худро барои ҳукмфармо будани сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти давлату Ҳукумат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб