ПАЁМ МОРО БАРОИ РАСИДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ҲАЁТИ ШОИСТА ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Якум» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Комилова Шафоат иштирок ва баромад намуданд.

Мунавараи Бозоралӣ зимни баромад қайд намуд, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо ҳамчунин ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Инчунин, аз ҷониби Комилова Шафоат қайд гардид, ки дар чунин шароити замони муосир моро зарур аст, ки ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят карда, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.