ИРОАИ ПАЁМ БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи шаҳр” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нусратова Шаҳноза  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯри Шаҳноза Нусратова ба сухан баромада, таъкид намуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

-Бо мақсади дасгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 236 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо дар назар аст.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пениҳод менамоям:

- аз 1- уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

- аз 1- уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:

-андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

-нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

- Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Дар охир доир ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ сухан намуда, ифтихор аз аъзо ва ҷонибдории ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа буданро ба ҷавонон таъкид намуд.