ПАЁМ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоҳутӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, КДАМ ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи масъудияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.

Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки Паём бояд барномаи амали ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватанамон бошад, то ки дар асоси он кору фаъолият намуда, барои пешрвафт ва рушди Тоҷикистони азизамон ва рӯзгори ободу осудаи хеш ҳиссаи арзандаи худро гузошта бошанд.Зеро Паёми Пешвои миллат илман асоснок буда, дар он роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз ва нақшаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон бо далелҳои дақиқ нишон дода шудааст.