ПАЁМ ДАСТУР БАҲРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ ДАСТУР БАҲРИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мирипок» маҷлиси падару модар бо иштироки Раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, КДАМ вохӯрӣ оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбаркунии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баргузор гардид.

Аз ин лиҳоз, иҳтирокдорон изҳор доштанд, ки ҳамаи волидайнро зарур аст, ки тарбияро аз худи оила оғоз намуда, фарзандро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Дар ин маврид, мо метавонем пеши роҳи нобасомониҳоро гирифта, сабабгори он гардем, ки ҷавонон фирефтаи даъватҳои бардуруғи гуруҳҳои ифротгароӣ нагарданд.

Дар чунин шароити замони муосир моро зарур аст, ки ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят карда, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоем.