КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ  МИЁНИ СОКИНОН АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ  МИЁНИ СОКИНОН АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН

Бо иштироки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохурӣ бо волидайни хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон аз ҷониби баромадкунандагон расонида шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби баромадкунандагон андешаҳо баён гардиданд.