СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Бо мақсади  амалишавии Амалиёти муштараки ҳизбии “Мактаби ман” ва ба ин восита саҳм гузоштан дар ободии диёр бо дасгирии аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар назди бинои филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36, сохтмони 2 синфхонаи нав идома дорад. Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунавараи Бозоралӣ аз рафти корҳои таъмирӣ дидан намуданд.

Зимни боздид  Мунавараи  Бозоралӣ изҳор карданд, ки  чунин корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дошта ,дар доираи ташшаббуси мазкур  корҳои созандагӣ ба анҷом расонида  мешавад.

Бояд гуфт, ки раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ тавассути ин иқдом ҳаллу фасл ёфта, қирши ниёзманди ҷомеа дасгирӣ меёбанд, падидаи нек мебошанд.