ПАЁМ ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ ДАСТУРИ НЕКУ СОЗАНДА

Дар доираи ҷадвали тасдиқшудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргӯзории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳр оид ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва ҳадафҳои созандаи ҳизб ташкил ва роҳандозӣ  шуда  истодааст.

Вохӯрии навбатии масъулини ҳизбӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шоева Дилноза ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Парвин» Шамсиддинова Сафармо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Шамсиддинова Сафармо қайд намуд, ки ояндаи миллат  вобаста ба таълими фарзанд аст, ки аз ин хотир волидайни имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри руҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси менатдӯстиву худшиносии онҳо асос гузорад.

Шоева Дилноза  дар баромади худ оид ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибрози андеша карданд.

Дар охири мулоқот аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар чорабиниҳои ҳизбиву давлатӣ  фаъолона ширкат варзанд.