ПАЁМ МОРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ МОРО БА ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Офтобак»  вохӯрӣ вобаста бо расонидани муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Шоева Дилноза  ва Ализода Гулрӯхсор  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии”Офтобак”гузаронида шуд.

Вохӯриро Ализода Гӯлрухсор  оғоз намуда, сипас , ҳозиринро дар масъаҳои  баррасишаванда шинос намуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза қайд доштанд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, мустақилона  сарнавишти мардуми тоҷикро  барои як давраи дигар муайян месозанд.