СУҲБАТИ САМИМӢ АТРОФИ ПАЁМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СУҲБАТИ САМИМӢ АТРОФИ ПАЁМ

Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «МТТҲС» бо ташабусси  Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки корманди маъули  ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб   Шоева Дилноза  ва раиси ташкилоти ибтидоии «МТТҲС»- Бобохоҷаев Саймумин  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ  сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «МТТҲС» Бобохоҷаев Саймумин  аз фаъолияти ташкилоти  ибтидоӣ  ҳисобот дод. Ва дар баробари ин,  дар даъвати ҷавон ба сафи  Артиши миллӣ  сухан гуфта шуд.

Сипас,  Шоева Дилноза  мудири шуъбаи  кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, дар бораи нуқтаҳои  Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуд.