ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоҳинов Ҳасан, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло, муовини директории Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А.Рӯдакӣ  Шайдоев Ҷамшед ва полковники комиссариати ҳарбӣ Авзалзда Хуршед бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми низомии 13483-Д-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

Ҷаласаро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода ифтитоҳ бахшида, сарбозону афсаронро ба муносибати 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодӣ намуданд.

Шоҳинов Ҳасан-узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик порчаҳои шеърӣ дар васфи сарбозону афсарони шуҷои тоҷик шеъру ғазалсароӣ намуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло минатдории худ ва кули сарбозону афсаронро ба аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати дастгирии пайвастаи ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ  расониданд.