ШИНОСОӢ БА ҲОЛАТИ БУДУ БОШИ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 13483-Д ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ШИНОСОӢ БА ҲОЛАТИ БУДУ БОШИ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 13483-Д ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода , узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоҳинов Ҳасан, мудири бахши кор бо   ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб якқатор ҷавонон, волонтёрон, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», донишҷуён  аз қисми низомии 13483-Д-и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Дар навбати худ ҷавонон ба навъҳои гуногуни силоҳҳо шинос гардиданд.

Сарбозону афсарони қисми низомӣ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз миннатдории худро ба нафароне,ки онҳоро дастгирӣ менамоянд, расониданд.