ТАВАҶҶУҲИ ҲИЗБИЁН БА САРБОЗОНУ АФСАРОН БЕШТАР МЕГАРДАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарбозону афсарон мусобиқаи варзишии зеҳнӣ таҳти унвони «Ҷавонон-сипари боэътимоди Ватан» гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи “Шоҳмот” миёни сарбозону афсарон ҷойи аввал сазовори Абдураҳимов Давлаталӣ, ҷойи дуюм Ғайбуллоев Назрулло, ҷойии сеюм-Миронов Шаҳбоз гардид. Дар мусобиқаи “Шашка” Боқизода Фарҳод, Иброҳимзода Идрис  ва Худойбердиев Аббос ­ғолиб омаданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарбозону афсарони ғолиб омада бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонки минтақа» ва «Беморхонаи вилоятӣ» ба қисми низомии 13483-д як адад телевизиори  ранга тақдим карда шуд.