ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОН БА ҲХДТ ЗИЁД МЕГАРДАД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОН БА ҲХДТ ЗИЁД МЕГАРДАД

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бунёдкору созанда пешоҳанги ҷомеа аст. Таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз эътибору нуфузи ин ҳизби ҳоким зиёд гардида истодааст.

Ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ ва ташвиқу тарғиб ва корҳои фаҳмондадиҳии пайвастаи кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳост, ки имрӯз зиёдшавии сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, омӯзгорон умуман кормандони касбу кори гуногун зиёд гардида истодааст.

Аз ҷумла, аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдова ба якчанд нафар сокиноне, ки бо ариза барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ муроҷиат карда буданд, дар фазои тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, ба аъзои нави ҲХДТ барнома ва Оинномаи ҲХДТ муаррифӣ карда шуд.