ҲИЗБИЁН БАҲРИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА САҲМ МЕГУЗОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲИЗБИЁН БАҲРИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА САҲМ МЕГУЗОРАНД

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Камари ҷамоати деҳоти  Даҳанаи шаҳри Кӯлоб корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза  касб намуда, бомаром идома дорад.

Сокинони бонангу ори Кӯлобшаҳри бостонӣ бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азиз ҳамарӯза иқдомҳои созандаро рӯёи кор гирифта истодаанд. Чунин як ташаббус дар деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо шабакаҳои барқӣ симчубҳои барқӣ азнавсозӣ гардиданд.

Боиси зикр аст, ки сарчашмаи ин ҳама ташаббусҳо ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби ҳизбиён амалӣ карда  мешаванд.