ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Муҳаммадҷони Абдувоҳид, дотсенти кафедраи психологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шарипов Анвар, муовини раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ғоибова Зебиниссо вохӯрӣ бо ҷавонони деҳаҳои Ҳакимобод ва Бахтобод гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин фаҳмонида шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби ҳозирин қайд гардид, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Дар фарҷом аз ҷониби шунавандагон ба масъулини ҳизбӣ суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб