ВОХУРӢ БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

ВОХУРӢ БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАНД

Дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Шоинов Ҳасан, муовини мудири филиали №57-и БДА Амонатбонк дар шащри Кӯлоб Муродов Сарахон, сардори ҚИМ №8 Абдураҳмонов Бозор бо сокинони маҳалла  вохӯрӣ гузаронида шуд.

Фирӯз Саймуминзода- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода,  қайд намуданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Инчунин, аз ҷониби ҳозирин таъкид гардид, ки барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи шаҳри азизамон ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ тамоми саъйю талоши худро равона намоем.

Дар идомаи вохурӣ иштирокдорон вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” андешаҳои худро баён карданд.