ҶАВОНОНРО ДАР РУҲИЯИ  ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҶАВОНОНРО ДАР РУҲИЯИ  ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ!

Бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, раиси шӯрои собиқадорони шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат, директори муассиса Ҳайдарова Назира дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Сафармуҳамад Аюбӣ вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои Н.Ҳувайдуллоев, Ҷумаев, Ҳамадонӣ, Абдушукурова, С.Айнӣ, А.Мусо  гузаронида шуд.

Баромадкунандагон нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро миёни сокинон шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Мояи ифтихор ва сарфарозиҳост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд,  якдилона қарор қабул кард.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Ҳамзамон вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён андешаҳои худро баён намуданд.