БАРРАСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ЧОМЕА

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАРРАСИИ ПАЁМ МИЁНИ ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ЧОМЕА

Дар доираи ҷадвали тасдиқшудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргӯзории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳр оид ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва ҳадафҳои созандаи ҳизб ташкил ва роҳандози карда истодааст.

Вобаста ба ин, бо сокинони маҳалаҳои Содиқов, Хати роҳ ва Корвонгузар  дар шаҳри Кӯлоб ҷамомад доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймумуминзода Фирӯз, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб омӯзгори ДДК Шоинов Ҳасан, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Одинаев Масиддиқ  ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Содиқов» Абдуллозода Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шоинов Ҳасан  қайд намуд, ки ояндаи миллат  вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидайни имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри руҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси менатдӯстиву худшиносии миллат асос гузорад.

Саймуминзода Фирӯз дар баромади худ оид ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибрози андеша намуд.

Баъд аз фарҷоми  вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Кӯлоб Одинаев Масиддиқ  аз муассисаи таълими №52 –и шаҳри Кӯлоб дидан намуд, азнавсозии варзишгоҳи муассиса маслиҳатҳои муфид намуданд.

Маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур варзишгоҳ таъмирталаб буда, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб мавриди муҳокима қорор дода шудаанд. Дар охир Одинаев Масидиқ ваъда доданд, ки дар доираи имкониятҳо камбудиҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бо сокинон  бартараф намоянд.