СУҲБАТИ САМИМИ  АТРОФИ ПАЁМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

СУҲБАТИ САМИМИ  АТРОФИ ПАЁМ

Дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии « Мададгор » бо ташабусси  Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки корманди маъули  Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб   Таварзода Азизҷон ва раиси ташкилоти ибтидоии «Мададгор »- Сабуров Зоиршо  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ  сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададгор» Сабуров Зоиршо  аз фаъолияти ташкилоти итидоӣ  ҳисобот дод, ва дар баробари ин дар даъвати ҷавон ба сафи  артиши миллӣ  суханронӣ  намуд.

Сипас Таварзода Азизҷон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, дар бораи нуқтаҳои  Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуд.